Сафари раиси Маҷлиси милли маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Чин
Раиси Маҷлиси милли маҷлиси оли ва шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон якшанбеи оянда ба даъвати раиси кумитаи доими маҷлиси намояндагони Чин ба ин кишвар сафар мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс дар Душанбе расонаҳои чинӣ бо эъломи ин матлаб эълом карданд Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси милли маҷлиси оли ва шаҳрдори Душанбе пойтахти Тоҷикистон рузҳои 20-23 август бо даъвати Жоу Лиу раиси кумитаи доими шурои маҷлиси намояндагони Чин дар сарварии ҳайати расми аз ин кишвар боздид мекунад.
Раиси Маҷлиси милли маҷлиси олии Тоҷикистон моҳи май соли гузашта дар гуфтугуи маҷозӣ бо Ли Ҷон Шу яке аз аъзои баландпояи ҳизби комунисти Чин вазъият ва чашмандози рушди равобити дуҷониба, тақвияти равобити байнипарлумони ва ҳамчунин мавзуъоти муҳими минтақаӣ ва байналмилалиро барраси карда буд.