Боздиди раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии ҷумҳурии Тоҷикистон аз музеи таърихи Ҳизби кумунисти Чин
Август 21, 2023 19:08 Asia/Dushanbe
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори шаҳри Душанбе аз музеи таърихи Ҳизби кумунисти Чин боздид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар,Рустами Эмомалӣ имрӯз аз музеи таърихи Ҳизби кумунисти Чин боздид ва бо намунаҳои осору санадҳои торихии марбут ба таърихчаи таъсиси ҳизб ва давраҳои ташкили он ошно шуд.
Ин музей дар соли 2021 шурӯ ба кор кард ва беш аз 2500 акс, 3500 санади торихӣ ва мавориди дигар дар он ба намоиш гузошта шудааст.
Музеи таърихи Ҳизби кумунисти Чин беш аз 147000 метри мураббаъ масоҳат дорад ва яке аз бузургтарин музейҳои дорои аҳамияти миллӣ барои мардуми Чин аст.