Тақдими рӯнавишти устуворномаи сафири нави Олмон ба муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i106620-Тақдими_рӯнавишти_устуворномаи_сафири_нави_Олмон_ба_муовини_вазири_хориҷаи_Тоҷикистон
Сафири нави Олмон рӯнавишти устуворномаи худро ба муовини вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон тақдим кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 25, 2023 16:56 Asia/Dushanbe
  • Тақдими рӯнавишти устуворномаи сафири нави Олмон ба муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон

Сафири нави Олмон рӯнавишти устуворномаи худро ба муовини вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон тақдим кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Йорк Шуграф-сафири нави Олмон дар Тоҷикистон рӯнавишти устуворномаи худро ба Фарҳоди Салим-муовини вазири умӯри хориҷаи ин кишвар тақдим кард.
Дар ин дидор ду тараф дар мавриди вазъияти кунӯнӣ ва чашмандози тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон ва ҳамчунин мавзӯъоти муҳими мавриди алоқаи ду тарафи баҳсу табодул назар карданд.
Муовини вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон зимни табрики интисоби Шуграф ба симати сафири нави Олмон барои вай дар анҷоми маъмурияти дипломатӣ дар Душанбе орзӯи муваффақият кард.