Гуфтугуи телефонии вазирони умӯри хориҷаи Тоҷикистону Қазоқистон
Вазирони умӯри хориҷаи Тоҷикистону Қазоқистон дар тамоси телефонӣ вазъияти кунӯнӣ ва чашмандози тавсеаи бештари равобити байни ду кишварро баррасӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс,Сироҷиддини Муҳриддин-вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ бо Мурод Нуртлеу-вазири умӯри хориҷаи Қазоқистон гуфтугу кард.
Сарони ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистону Қазоқистон дар ҷараёни ин тамоси телефонӣ вазъият ва чашмандози тавсеаи бештари равобити дуҷонибаи байни ду кишварро баррасӣ карданд.
Барномаи сафарҳои оянда дар сутӯҳи боло ва олӣ ба вижаи муқаддамоти дидори вазирои умӯри хориҷа дар қолаби нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи марказӣ ва ҳамчунин омодагӣ барои нишастҳо дар сутӯҳи олӣ, ки қарор аст 14 - 15 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шаванд, аз дигар мавзӯъоте ба шумор мераванд, ки таи ин тамос мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Ду тараф таи ин тамоси телефонӣ ҳамчунин дар хусӯси мавзӯъоти муҳими дастури кори минтақаӣ ва байналмилалӣ баҳсу табодули назар карданд.