Тоҷикистон аслитарин содиркунандаи тарбуз ба Қазоқистон
Сентябр 09, 2023 11:40 Asia/Dushanbe
Тоҷикистон ба яке аз содиркунандагони аслии тарбуз ба Қазоқистон табдил шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Қазоқистон дар 7 моҳи гузашта 8.9 миллион доллар тарбузаву харбуза харидорӣ кардааст. Ҳаҷми воридоти тарбузаву харбуза ба Қазоқистон дар 7 моҳаи соли 2023 ҳудуди 43.5 ҳазор тон будааст . Соири таъминкунандагони аслӣ наздиктарин ҳамсоягони Қазоқистон, Эрону Узбекистон ҳастанд .
Бар асоси иттилооти Вазорати зироат, тарбуза бештар дар шаҳрҳову навоҳии Хатлон ва Суғд кишт мешавад.
Аввалин бардошти тарбуз аз заминҳои Шаҳритус ва Дӯстии вилояти Хатлон ва Мастчоҳ ва Спитамени вилояти Суғд будааст.
Барчасп