Тоҷикистон аслитарин содиркунандаи тарбуз ба Қазоқистон
(last modified Sat, 09 Sep 2023 06:40:09 GMT )
Сентябр 09, 2023 11:40 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон аслитарин содиркунандаи тарбуз ба Қазоқистон

Тоҷикистон ба яке аз содиркунандагони аслии тарбуз ба Қазоқистон табдил шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Қазоқистон дар 7 моҳи гузашта 8.9 миллион доллар тарбузаву харбуза харидорӣ кардааст. Ҳаҷми воридоти тарбузаву харбуза ба Қазоқистон дар 7 моҳаи соли 2023 ҳудуди 43.5 ҳазор тон будааст . Соири таъминкунандагони аслӣ наздиктарин ҳамсоягони Қазоқистон, Эрону Узбекистон ҳастанд .
Бар асоси иттилооти Вазорати зироат, тарбуза бештар дар шаҳрҳову навоҳии Хатлон ва Суғд кишт мешавад.
Аввалин бардошти тарбуз аз заминҳои Шаҳритус ва Дӯстии вилояти Хатлон ва Мастчоҳ ва Спитамени вилояти Суғд будааст.