Сентябр 25, 2023 18:28 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши варишкорони тоҷик дар рақобатҳои Осиёии Ханжоу
    Дурахшиши варишкорони тоҷик дар рақобатҳои Осиёии Ханжоу

Беҳрӯз Хоҷазода варзишкори маъруфи тоҷик аввалин медали биринҷии бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022-ро касб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Хорвар, варзишгари тоҷик дар риштаи ҷудо Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг дар даври аввали бозиҳои Осиёи Ханжоу-2022 бар ҷудочии Филиппин Накано Кейсей бо имтиёзи иппон ғалаба намуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ ӯ бар Данияр Шамшаеви қазоқ бо имтиёзи вазарӣ зафар ёфта, дар даври нимниҳоӣ аз Соичи Ҳашимотои ҷопонӣ бо як имтиёзи вазарӣ мағлуб шуд.

Дар рақобат барои ҷойи сеюм Беҳрӯз Хоҷазода бар Кингдага аз Чин бо имтиёзи иппон зафар ёфта, соҳиби нишони биринҷӣ гардид.

Барчасп