Сентябр 27, 2023 12:20 Asia/Dushanbe
  • Интишори мақола бо мавзӯи ибтикороти Тоҷикистон дар бораи ҳифзи манобеи об дар нашрияи байналмилалӣ

Мақолае дар бораи «Шарҳи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 бо иштироки Тоҷикистон» бо мушорикати Тоҷикистон дар маҷаллаи “Trends” мунташир шуд.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, мақола ба чорабиниҳои Конфронси оби СММ — 2023, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 дар мақари Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, бахшида шудааст.

Дар мақола атрофи ташаббусҳои ҷаҳонии  Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, суханрониҳо дар доираи ин чорабинӣ ва чорабиниҳои канории он сухан меравад.

Дар он, аз ҷумла омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи вазъи мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза, мушкилоти марбут ба об, тағйирёбии иқлим, таъсири офатҳои табиӣ ба иқтисодиёту амнияти кишварҳо, иқдоми Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди “сабз” ва тавлиди энергияи “сабз” андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки “имрӯз захираҳои об зери таъсири амиқи таҳдиду хатарҳои гуногун қарор доранд ва ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус амнияти озуқаворӣ, тавлиди неруи “сабз” ва пойдории табиат бетаъсир намемонанд”.

 

Барчасп