Октябр 07, 2023 11:33 Asia/Dushanbe
  • Вазири тандурустии Тоҷикистон аз афзоиши 3 баробарии тавлиди колоҳои пизишкӣ хабар дод

Тавлиди маҳсӯлоти пизишкӣ дар Тоҷикистон 3 баробар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонамолиддин Абдуллоҳзода- вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар нишасте гуфт : Ба манзури тавсеаи фаъоли бахши дорӯсозӣ дар Тоҷикистон аз соли 2021 таи барномаи давлатӣ воридкунандагони фанновариҳои модерн ва таҷҳизот барои бахши дорӯсозӣ аз пардохти андоз бар арзиши афзуда ва боҷи гумрукӣ озод шудаанд.
Бар асоси оморе ки дар ҷараёни ин иҷлос эълом шуд дар Тоҷикистон 58 ширкати дорӯсозӣ вуҷуд дорад, ки 560 навъи дору ва лавозими пизишкӣ тавлид мекунанд.
Ҳаҷми тавлиди маҳсӯлоти пизишкӣ дар поёни соли 2022 милодӣ 3 баробар ва ҳаҷми содироти мукаммилҳои гиёҳии фаъоли биологикӣ ба маблағи 63.25 миллион сомонӣ афзоиш доштааст.



 

 

Барчасп