Азми Тоҷикистону Озарбойҷон бар густариши равобити дуҷониба
Октябр 11, 2023 20:25 Asia/Dushanbe
-
Густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи бистуҳафтумин нишасти Шӯрои вазирони кишварҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ бо якдигар дидор ва алоқамандии худро ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба иброз карданд.
Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Ҷайҳун Байрамов, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.
Дар ҷараёни ин дидор, ки дар чорчӯби бистуҳаштумин нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои ЭКО дар Озарбойҷон баргузор шуд, ду тараф алоқамандии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба эълом карданд.
Барчасп