Парчами Эрон дар Сафорати Эрон дар Тоҷикистон нимаафрошта шуд
-
Парчами нимаафроштаи Сафорати Эрон дар Тоҷикистон
Сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи дадманишонаи режими саҳюнистӣ ба бемористони Алмаъмадонии Ғазза, ки мунҷар ба шаҳодати садҳо зану кӯдаки бугуноҳу мазлуми фаластинӣ шуд, парчами Эронро ба ҳолати нимаафрошта даровард.
Ҳамчунин Сафорати Эрон дар Душанбе баёнияейро дар маҳкумияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ ба шарҳи зер мунташир кард:
Шаби гузашта мардуми дунё шоҳиди ҳамлаи ҳавлноку ҷунуномези режими саҳюнистӣ ба бемористони Алмаъмадонии Ғазза бо истифода аз бомбаҳои амрикоӣ буданд, ки мунҷар ба шаҳодати садҳо тан аз занону кӯдакону шаҳрвандони ғайринизомии мазлум ва бепаноҳи Фаластин шуд. Ин иқдоми ваҳшиёна бидуни тардид мисдоқи наслкушӣ ва ҷинояти ҷангӣ аст. Вақоҳату зиштии ин иқдоми разилонаи режими манҳуси саҳюнистӣ дар идомаи ҷиноёти қаблии худ ба ҷое расидааст, ки марокизу бемористонҳоро, ки маъмани бедифоътарин шаҳрвандони ғайринизомӣ астро мавриди ҳамла қарор дода ва аз ҳеҷ иқдоми зиддибашарӣ ва нақзи фоҳиши қавонину муқаррароти байналмилалӣ бо ҳимояти ҳомиёни ғарбии худ фурӯгузор намекунад.
Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон зимни маҳкумияти шадиди ин иқдоми зишти режими саҳюнистӣ, зимни ибрози таслияти шаҳодати мазлумонаи теъдоди зиёде аз мардуми Фаластин дар ин ҷиноят, маротиби ҳамдарии амиқи худро бо миллати муқовими Фаластин эълом медорад.