Касрии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон
(last modified Tue, 24 Oct 2023 06:22:36 GMT )
Октябр 24, 2023 11:22 Asia/Dushanbe
  • Касрии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Бар асоси баррасии иқтисодии моҳи октябри Бонки тавсеаи Авруосиё, як омили калидӣ дар афзоиши касрии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон, коҳиши содирот буд.

Касрии тиҷорати хориҷӣ ( ғалабаи воридот бар содирот )и Тоҷикистон аз январ то августи соли ҷорӣ ба 2.8 миллиард доллар расидааст.

Ин рақам нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 60 дарсад ё 1.8 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.

Таҳлилгарон иллати аслии коҳиши ҳаҷми содиротро кам шудани арзаи тилло, фулузоти асосӣ ( алюминий аввалия ) ва маҳсӯлоти маъданӣ ( семон, ангиштсанг, оҳан ва ғайра ) ба бозорҳои хориҷӣ медонанд.