Октябр 31, 2023 20:17 Asia/Dushanbe
  • Равобити дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ
    Равобити дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ

Намояндагони Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ ба манзури тақвияти равобити дипломатӣ ва чашмандози густариши ҳамкориҳо байни ду кишвар, чандин нишаст дар шаҳри Душанбе баргузор карданд.

Бинобар гузориши “Азия+”, ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир ба таври фаъол иқдомоте дар ҷиҳати тақвияти чорчӯби ҳуқуқии равобити дуҷониба дар ҳоли анҷом аст. Ҳамчунин густариши ҳамкории байниҳизбӣ пешбинӣ шудааст.

Равобити ду кишвар, ки умдатан дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, ба вижа Созмони Милали Муттаҳид сурат мегирад, дар сатҳи хубе қарор дорад.

Равобити дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ дар 5 феврали соли 1992 мелодӣ барқарор шудааст. Мубодилоти тиҷорӣ байни ду кишвар дар соли гузаштаи мелодӣ 85 миллион долларро ташкил додааст.

Син Хонг Чол, сафири Кореяи Шимолӣ дар Тоҷикистон (мустақар дар Маскав) 23 октябри соли ҷорӣ устуворномаи худро ба раиси ҷумҳурии ин кишвар тақдим кард.

Як рӯзи баъд Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи умури хориҷӣ, итиҳодияҳои умумӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо сафири Кореяи Шимолӣ дар Душанбе дидор кард.

Дар ин мулоқот таъкид шуд, тарафи тоҷик тавваҷуҳи вижа ба тавсеаву густариши бештари равобит бо Кореяи Шимолӣ, аз ҷумла тақвияту густариши равобити порлумонӣ дорад.

Тарафи тоҷик тайи ин дидор хотирнишон кард, ки барои анҷоми ин кор лозим аст, равобитро ба сатҳи наве иртиқо ва дар дараҷаи аввал кори гуруҳи порлумонии ду кишварро беҳбуд бахшид.

 

Барчасп