Маркази саратони Кулоб таҷҳизоти ташхис дарёфт кард
(last modified 2023-11-18T06:50:23+00:00 )
Ноябр 18, 2023 11:50 Asia/Dushanbe
  • Маркази саратони Кулоб таҷҳизоти ташхис дарёфт кард

Маросими расмии интиқоли таҷҳизоти ташхис ба Маркази саратоншиносии минтақаии шаҳри Кӯлоб ба унвони бахше аз иҷрои проекти миллии Ожонси байналмиллалии энергии атомӣ баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Матин Аҳмадов, муовини раиси Ожонси эминии кимиёӣ, биологӣ, ташаъшуъӣ ва ҳастаии Академияи миллии улуми Тоҷикистон ва Олимҷон Азизов, раиси бахши равобити байналмиллалии ин ожонс ба унвони намояндагони ҳамоҳангкунандаи миллӣ ба намояндагии Ожонси байналмиллалии энерги атомӣ, таҷҳизоти ташхисиро ба мудири марказ  супурданд.

 Ҳадаф аз тарҳи мазкур шиносоӣ ва пешгирии сарвақтии навъҳои гуногуни бемориҳои саратонӣ дар минтақа аст.

 Дар солҳои оянда, Ожонси байналмиллалии энергии атомӣ қасд дорад таҷҳизот дигареро ба унвони бахше аз проект харидорӣ кунад ва коркунони маркази минтақаии саратоншинорсиро дар шаҳри Кулоб омӯзиш диҳад.

 

 

 

Барчасп