Тавофуқи Тоҷикистону Озарбойҷон бар сари иҷрои пружаҳои бузурги сармоягузорӣ
Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар дидор бо вазири иқтисоди Озарбойҷон масоили марбут ба иҷрои муштараки теъдоде аз пружаҳои бузурги сармояиро баррасӣ кард.
Ба гузориши “Форс”, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар дидор бо Микоил Чингизуғлу Ҷабборов, вазири иқтисоди Озарбойҷон масоили марбут ба иҷрои муштараки теъдоде аз пружаҳои сармоягузории бузургро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.
Ин дидор дар Бокӯ ва дар чорчӯби нишасти Шӯрои барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.
Дар ҷараёни ин нишаст ду тараф дар мавриди иҷрои пружаҳои мушаххаси сармоягузорӣ, аз ҷумла роҳандозии як полоишгоҳи нафт дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара, сохти нерӯгоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон, афзоиши зарфияти тавлидии корхонаи алюминии тоҷик, эҷоди хӯшаҳои кишоварзӣ ва саноатӣ, содироти алюминии аввалия, кровлит ва алюминии флороид аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон, воридоти алюмино аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон барои ниёзҳои ширкатҳои алюминии тоҷик ва ироаи таҳқиқ дар ҳамлу нақли рейлӣ ба тавофуқ расиданд.