Афзоиши 33 дарсадии тиҷорати мутақобили Тоҷикистон ва Русия
Мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Русия дар 9 моҳи соли ҷории милодӣ дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта 33 дарсад афзоиш ёфтааст.
Имруза Русия шарики тиҷории аслии Тоҷикистон аст ва ба ин кишвар нафт ва фаровардаҳои нафтӣ, маҳсулоти чубӣ ва хамири коғаз, таҷҳизот ва васоили нақлия содир мекунад.
Ба гузориши хабаргузории Форс аз Душанбе Максим Решетников вазири рушди иқтисодии Русия дар ҷараёни имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистони зимни эъломи ин хабар гуфт: Гардиши моли тиҷории байни ду кишвар дар як соли 20 дарсад афзоиш ёфта буд ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба 33 дарсад расид ки содироти 29 дарсад ва воридоти 8.7 дарсади онро ташкил медиҳад.
Решетников ҳамчунин афзуд: Бо ҳадафи ҳимояти шурои бозаргонии Русия ва Тоҷикистон мавзуи ҳимоят аз туҷҷори русӣ ва тоҷикӣ ва ҷазби сармоягузорон барои мушорикат дар манотиқи озоди иқтисодии Данғара, Панҷ, Суғд ва Ишкошими Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд.
Бар асоси ин гузориш дар маҷмуи 31 тарҳ бо мушорикати мустақими ширкатҳои русӣ ба арзиши ҳудуди 650 миллиард рубл дар Тоҷикистон иҷро мешавад.