Истиқболи сард аз Роналдо дар Тоҷикистон
Дар ҳоле, ки чаҳор рӯз аз билетфурӯшии бозии Аннаср дар Тоҷикистон мегузарад, аммо ҳанӯз теъдоди зиёди билети ин бозӣ боқӣ мондааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,ҳафта оянда дар яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои варзиши таърихи Тоҷикистон, тими Аннаср ба масофи Истиқлоли Тоҷикистон хоҳад рафт. Бошгоҳи Истиқлол аз ҳафта гузашта билетфурӯшии ин бозиро оғоз карда, аммо ҳанӯз теъдоди зиёди билети фурӯхтаншуда вуҷуд дорад.
Бар асоси эъломи расмии бошгоҳи Истиқлоли Душанбе, 10 ҳазор билет барои ин бозӣ то кунун фурӯхта шуда ва ҳанӯз 15 ҳазор билети дигар дар дастрас аст.
Билети ҷойгоҳи вежаи ин бозӣ бо нархи 3000 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Нуктаи ҷолиб инки интизор мерафт билетҳои ин бозӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳузури Кристяён Роналдо ба суръат фурӯхта шавад, аммо ин иттифоқ ҳанӯз рух надодааст.
Албатта бо тавваҷуҳ ба садрнишинии Аннаср ва масдумияти Роналдо ва дар айни ҳол чамани маснуии варзишгоҳи марказии Душанбе, мумкин аст ин бозикун дар сафар ба Тоҷикистон тимашро ҳамроҳӣ накунад.