Декабр 04, 2023 10:25 Asia/Dushanbe
  • Дархости раисиҷумҳӯри Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ барои идомаи кори пружаи КАСА- 1000
    Дархости раисиҷумҳӯри Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ барои идомаи кори пружаи КАСА- 1000

Раисиҷумҳӯри Тоҷикистон ، Бонки Ҷаҳониро яке аз шуракои аслии ин кишвар дар заминаи тавсеа арзёбӣ кард ва аз сатҳи ҳамкорӣ бо он иброз хурсандӣ кард.

Ба гузориши Спутник, иҷрои ислоҳоти ҳамаҷониба ва  сохтории иқтисодии Тоҷикистон ба вижа дар заминаҳои иртибототи электроникӣ, диҷитоли шудан. ҳавонавардии ғайри низомӣ ва  беҳбуди фазои сармоягузорӣ аз ҷумлаи заминаҳои муҳими ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ зикр шудааст.

Ин маворид дар дидори Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳӯри Тоҷикистон бо Аҷай Банга раиси Бонки Ҷаҳонӣ мавриди таъкид қарор гирифт.

Дар ин дидор тарафайн дар мавриди вазъияти феълии ҳамкориҳо дар заминаҳои обу энержӣ, кишоварзӣ, муҳити зисту ва тавсеаи рӯстоӣ ,сиёсатҳои иқтисодӣ, тавсеаи бахши беҳдошт, омӯзиш, барномарезии шаҳрӣ ва коҳиши фақр баҳсу табодули назар карданд.

Эмомалӣ Раҳмон бар тадовуми иҷрои пружаи хати интиқоли Касаи 1000 ки бозори энержии Осиёи Марказӣ ва  Ҷануби  Осиёро аз тариқи Афғонистон муттасил мекунад ، таъкид кард.

Сарнавишти норушани тарҳи КАСА-1000

Дар ҳоли ҳозир Бонки Ҷаҳонӣ 28 пружаро дар Тоҷикистон бо маҷмӯъи 1.5 миллиард доллари таъмини молӣ мекунад .

Бештар бихонед: