Таъкиди сафири Эрон дар Тоҷикистон бар ҳимояти ҳамаи кишварҳои мусулмон аз мардуми мазлуми Фаластин
(last modified 2023-12-05T10:14:55+00:00 )
Декабр 05, 2023 15:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури сафири Эрон дар Тоҷикистон дар Сафорати Фаластин
    Ҳузури сафири Эрон дар Тоҷикистон дар Сафорати Фаластин

Сафири Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин, бо ҳузур дар сафорати Фаластин дар Душанбе, бар ҳимояти ҳамаҷониба аз мардуми мазлуми Фаластин таъкид кард.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузур дар Сафорати Фаластин дар Душанбе ёдовар шуд, беш аз ҳафтод сол аст, ки ишғоли сарзаминҳои Фаластин тавассути режими ғосиби саҳюнистӣ муҷиби дарду ранҷи мустамари мардуми Фаластин аст.

Ҳақиқиён афзуд: Имсол ин рӯз (Рӯзи байналмилалии ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин) баробар шудааст бо авҷи ҷиноёти режими нажодпарасти саҳюнистӣ дар Ғазза, бо куштори ҳазорон нафар аз мардуми мазлуми ғайринизомӣ, аъам аз зану мард, кӯдак, ҷавону солхурда ва ин вазъият бори дигар зоти палиди ин режимро ба ҷаҳониён нишон дод.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон идома дод: Ҷумҳурии исломии Эрон зимни эъломи инзиҷор аз ин режими кӯдаккуш, бар идомаи ҳимояти ҳамаҷониба аз ормони мардуми Фаластин таъкид дорад ва ҷомеаи ҷаҳониро барои муқобила бо иқдомоти режими ҷаълии саҳюнистӣ фаро мехонад.

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 4 декабр ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин, бо ҳузур дар сафорати ин кишвар дар шаҳри Душанбе, дафтари ёдбуди қурбониёни ҳамалоти ваҳшиёнаву ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистиро имзо кард.

 

Барчасп