Декабр 16, 2023 20:45 Asia/Dushanbe
  • Баргузории конфронси тавсеаи тарҳҳои сайёҳии умумии Тоҷикистон

Вазоиф ва барномаҳои кории ширкатҳои мушовара барои тавсеаи гардишгарии зери назари ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Ддр ҳамоиш намояндагони ширкатҳои машваратии «HIDRIA Ciencia ambiente y desarollo S.L.»-и испанӣ ва «KEIOS Consulting»-и итолиёвӣ оид ба ҳадафҳои минбаъдаи худ дар мавриди таҳияи нақшаҳои генералии сайёҳии шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва минтақаҳои атрофи онҳо гузориш доданд.

Ширкатҳои машваратӣ тибқи нақша, бо мақсади аз наздик шинос  шудан бо шаҳру навоҳии шомили минтақаҳои татбиқи лоиҳа ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд, шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, Норак, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ва навоҳии атрофи шаҳри Душанбе сафар намуданд. Инчунин онҳо дар ҳошияи ин сафар бо Раиси вилояти Суғд, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом доданд.

Гуфтанист, тарҳҳои умумии сайёҳии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои атрофи он ва шаҳри Панҷакент ва минтақаҳои кӯҳҳои Фон дар доираи Лоиҳаи рушди сайёҳӣ тавассути ширкатҳои машваратии «HIDRIA Ciencia ambiente y desarollo S.L.»-и испанӣ ва «KEIOS Consulting»-и итолиёвӣ амалӣ мегардад.

 

Барчасп