Баргузарии бистумин давраи бозиҳои олимпии жовтикови Қазоқистон
Дар бистумин давраи бозиҳои олимпии жовтикови Қазоқистон 10 нафар аз донишомузи тоҷики барандаи ин давра аз мусобиқот шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар дар Ҷумҳурии Қазоқистон олимпиадаи бистуми ҷашнии Жаутиков "IZhO-2024" ҷамъбаст ва ғолибони ин олимпиадаи байналмилалӣ дар соли 2024 маълум гардиданд. Дар байни онҳо 10 хонандаи тоҷик низ ҳаст.
Дар даври ниҳоии озмун аз байни 600 иштирокчӣ аз 16 давлат дар қатори дигар ғолибон номи 10 хонандаи тоҷик низ садо дода, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсаф дар самти илмҳои дақиқ муаррифӣ гардид.
Ин олимпиадаи байналмилалӣ 20 сол боз ҳамасола аз фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ баргузор шуда, давоми чанд соли охир ғалабаи 10 хонандаи тоҷик дар он натиҷаи беназир аст.
Чунин дастовард на танҳо нуфузи низоми маорифи ҷумҳуриро баланд мебардорад, балки аз иштироки Тоҷикистон дар чорабиниҳои муҳимми илмию маърифатии байналмилалӣ огоҳӣ медиҳад.