Эмомалӣ Раҳмон-пирӯзии дубораи Алиев дар интихоботи ҷумҳурии Озарбойҷонро табрик гуфт
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёме интихоби дубораи Илҳом Алиев дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Озарбойҷонро табрик гуфт.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрики худ, интихоби дубораи раис ҷумҳури Озарбойҷонро нишонаи эътимоди боло ва ҳимоят аз роҳбурди вай барои тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва тақвияти иқтидори байналмилалӣ аз сӯи мардуми ин кишвар донист.
Вай ҳамчунин омодагии кишварашро барои идомаи таъмиқ ва тавсеаи равобити дӯстона бо Озарбойҷон эълом ва бар аҳамияти ҳамкорӣ барои ду миллат, таъкид кард.
Илова бар Илҳом Алиев, 6 номзади дигар, ки нозирон онҳоро рақиби воқеӣ намедонистанд, низ барои курсии раёсати ҷумҳурӣ бо вай рақобат карданд. Дар натиҷа ҳеҷ яке аз онҳо муваффақ ба касби беш аз 2.5 дарсад овозҳо нашуданд.
Дар интихоботи соли 2018, Алиев бо касби 86.22 дарсад оро ва мушорикати 74.5 дарсадии афроди дорои шароити раъй пирӯз шуд.
Вай курсии раёсати ҷумҳурӣ дар Озарбойҷонро аз октябри 2003 бар ӯҳда дорад ва интихоботи кунунии раёсати ҷумҳурӣ дар бистумин солгарди интихоби вай баргузор шуд.