Ҳузури намояндагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар ҷаласаи омӯзишии барномаи тавлиди паҳпод дар Туркия
Март 06, 2024 09:33 Asia/Dushanbe
Намояндагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар ҷаласаи омӯзишии Барномаи муосири роботсозӣ ва истеҳсоли дронҳо дар Туркия ширкат карданд.
Дар тӯли давраи омӯзишӣ, намояндагони донишгоҳ барномаҳои омӯзишии ҳирфаиро дар аркази омӯзиши робототехникаи DENEYAP-и шаҳри Истанбул ва Маркази омӯзишии дронҳои бесарнишини ширкати SAPMAZ-и шаҳри Анкара фаро гирифтанд.
Ширкаткунандагони фаъол пас аз итмоми барномаи омӯзишӣ гувоҳиномаи ронандагии паҳподҳои бидуни сарнишини ширкати SAPMAZ-ро дарёфт карданд.