Дидори сафири Эрон дар Тоҷикистон бо вазири нави фарҳанги Тоҷикистон
Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 23 исфандмоҳ бо Матлубахон Сатториён, вазири нави фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳақиқиён дар ин дидор, зимни табрики Наврӯзи бостонӣ ба вазири фарҳанги Тоҷикистон, бо ишора ба раванди рӯ ба рушди муносиботи ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон дар бахшҳои мухталиф, ҳавзаи фарҳангро яке аз муҳимтарин арсаҳои ҳамкории Эрону Тоҷикистон тавсиф кард.
Сафири Эрон бо ишора ба вазъияти печидаи ҷаҳони имрӯзу таҳдидоти фарҳангиву тамаддунӣ, бар лузуми ҳаросату ҳифозат аз мероси азими муштараки таърихӣ, тамаддунӣ, ҳувиятиву забонӣ ва ҳамчунин осори мафохиру бузургони ду кишвар таъкид кард.
Ҳақиқиён зимн баршумурдани бархе аз иқдомоти суратгирифта барои тақвияти ҳамкориҳо дар ҳавзаи фарҳанг изҳор дошт, зарфиятҳои бисёре барои ҳамкорӣ дар ин арса вуҷуд дорад, ки лозим аст дар ҷиҳати шиносоӣ ва амалӣ кардани онҳо талош кард.
Хонуми Матлубахон Сатториён дар ин мулоқот бо ишора ба иштирокоти фарҳангӣ, таърихӣ ва тамаддунии ду кишвар, баён дошт, ки фурсатҳои бисёре барои тақвияти ҳамкориҳо дар ҷодаи фарҳанг вуҷуд дорад ва тарафи Тоҷикистон барои идомаи ин ҳамкориҳои муштарак омодагии комил дорад.