Март 27, 2024 19:55 Asia/Dushanbe
  • Ваҳдат Ҳаннонов, мудофеи тоҷикистонии тими футболи “Персполис”-и Эрон
    Ваҳдат Ҳаннонов, мудофеи тоҷикистонии тими футболи “Персполис”-и Эрон

Мудофеи тоҷики “Персполис”-и Эрон дар бозии Тоҷикистон муқобили Арабистон дар дақиқаи 35 масдум шуд ва аз таркиби ин тим берун рафт.

Хабари бад барои ҳаводорони тими футболи “Персполис” масдумияти Ваҳдат Ҳаннонов, мудофеи сурхпӯшон дар ин дидор буд.

Ҳаннонов дар дақиқаи 35 масдум шуд ва аз таркиби ин тим берун рафт ва ҳанӯз иттилооти дақиқе дар бораи мизони масдумияту шароити ин бозикун дар даст нест ва бояд мунтазири бозгашти вай ба Эрон ва назари пизишкони “Персполис” монд.

Тими футболи “Персполис” якшанбе (19 фарвардин) дар ҳафтаи бистудувуми Лигаи бартари футбол дар Серҷон ба масофи “Гулгуҳар” хоҳад рафт. Сурхпӯшони пойтахт ҳамакнун бо 43 имтиёз дар радаи дувуми ҷадвали Лигаи бартар қарор доранд

 

Барчасп