Апрел 08, 2024 17:59 Asia/Dushanbe
  • Лағви сафари бидуни визаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Туркия
    Лағви сафари бидуни визаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Туркия

Давлати Туркия дар иқдоме камсобиқа, сафари бидуни визаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишварро лағв кард. ​​​​​​​

Ин иқдоми давлати Анкара дар шароите рух додааст, ки вазири умури хориҷаи Туркия дар моҳи феврали соли ҷории мелодӣ дар ҷараёни сафар ба Душанбе, як санади ҳамкории муштарак бо давлати Тоҷикистон имзо карда буд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки ҳеҷ иттилоияи расмӣ аз тарафи Туркия дар робита бо барқарории низоми раводид (виза) барои тоҷикҳо дарёфт накардааст, бо ин ҳол Душанбе дар ҳоли омодасозии иқдомоти талофиҷӯёна аст.

Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба “Азия Плюс” гуфт, бар асоси равияи байналмилалӣ, тарафи турк бояд аз қабл ба Тоҷикистон дар мавриди таърихи эъмоли низоми раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон иттилоъ медод, бо ин вуҷуд Туркия ба таври расмӣ лағви раванди қаблиро эълом накардааст.

Ӯ таъкид кард, тарафи Тоҷикистон ҳанӯз чунин иттилоотеро аз тариқи каналҳои дипломатӣ дарёфт накардааст.

Ба гуфтаи вай, дар ин росто, вазорати умури хориҷа қабл аз дарёфти иттилооти расмӣ аз тарафи Туркия, ба шаҳрвандони тоҷикистонӣ, ки қасди сафар ба Туркияро доранд, тавсия мекунад, мадорики лозимро барои сафари барномарезишуда ба диққат омода кунанд.

Самадӣ гуфт, ба шаҳрвандони тоҷикистонӣ, ки қасд доранд аз масири Туркия ба унвони транзит барои сафар ба кишварҳои сеюм истифода кунанд, тавсия мешавад, масирҳои дигари сафарро дар назар бигиранд. Вай хотирнишон кард, тарафи Тоҷикистон бар асоси асли амали мутақобил дар ҳоли баррасии мавзӯи эҷоди низоми раводид барои шаҳрвандони Туркия аст.

Пештар расонаҳо гузориш дода буданд, ки Туркия ба дастури Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия низоми лағви раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҳолати таълиқ даровардааст.

Давлатмардони турк ба манзури ҷалби ҳарчӣ бештари гардишгари хориҷӣ сафари атбои бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба Туркияро бидуни виза иҷоза додаанд.

Пеш аз ин, гуруҳи террористии ДИИШ чандини амалиёт дар шаҳрҳои мухталифи Туркия, ба вижа Истанбул анҷом дода буд.

Дар ҳамин иртибот, расонаҳои Анкара хабар додаанд, ки пас аз ҳамалоти террористии ахир дар Маскав, ки ба кушта шудани 140 шаҳрванди рус мунҷар шуд, давлати Туркия сафар бидуни визаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишварро лағв кардааст.

Ҳамалоти ахири гуруҳи такфирӣ - террористии ДИИШ ба Маскав тавассути чаҳор узви ДИИШ, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, анҷом шуда буд.

Давлати Тоҷикистон муддаӣ аст, ки ДИИШ дар солҳои 2014 то 2016 беш аз ду ҳазор шаҳрванди тоҷикро ба узвияти гуруҳи худ даровардааст, ки аксари онҳо дар Русия будаанд.

Ин афрод бо истифода аз қонуни сафари бидуни виза ба Туркия, иқдомоти худро дар ин кишвар ҳамоҳанг мекардаанд.

Эрон, Туркия ва Русия, се кишвари минтақа ҳастанд, ки дар солҳои гузашта борҳо аз сӯи ҷараёнҳои террористӣ таҳдид шудаанд.

Шумори зиёде аз атбои се кишвар дар ҷараёни амалиётҳои ноҷавонмардонаи террористӣ кушта шудаанд.

 

Барчасп