Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Женева
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i113632-Тақвияти_ҳамкории_Тоҷикистон_бо_Маркази_тиҷорати_байналмилалӣ_дар_Женева
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Женева мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Апрел 17, 2024 10:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Маркази тиҷорати байналмилалӣ
    Ҳамкории Тоҷикистон ва Маркази тиҷорати байналмилалӣ

Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Женева мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Шараф Шерализода, намояндаи доими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милал ва соири созмонҳои байналмилалӣ дар Женева, сафири фавқулода ва томулихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария бо Памела Коук-Ҳамилтон, мудири иҷроии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (ITC) дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор тарафайн дар мавриди тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар иҷрои пружаҳои ҷаҳонии нассоҷӣ ва пӯшок (GTEX)-и Осиёи Миёна, барои тархиси амалиёти содирот, воридот ва транзит, стратегияи тиҷорати электронӣ ва соири заминаҳои тавсеа баҳсу табодули назар карданд.