Сафари нахуствазири ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон
Апрел 30, 2024 13:35 Asia/Dushanbe
Олҷас Бектенов-нахуствазири ҷумҳурии Қазоқистон имрӯз сешанбе 30 апрел бо сафари расмӣ ба ҷумҳурии Тоҷикистон сафар кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, нахуствазири ҷумҳурии Қазоқистон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавриди истиқболи Қоҳир Расулзода, нахуствазири ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомот қарор гирифт.
Интизор меравад дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Олҷас Бектенов-нахуствазири ҷумҳурии Қазоқистон дидору гуфтугӯ кунад.
Дидори Қоҳир Расулзода ва Олҷас Бектенов- нахуствазирони ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Қазоқистон низ имрӯз дар Душанбе баргузор мешавад.
Барчасп