Ҳузури намояндаи Тоҷикистон дар чаҳорумин ҳамоиши марокизи таҳлилии Чину Осиёи Марказӣ
(last modified Thu, 06 Jun 2024 08:38:20 GMT )
Июн 06, 2024 13:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ
    Ҳамкории Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ

Намояндаи Тоҷикистон дар чаҳорумин ҳамоиши марокизи таҳлилии Чину Осиёи Марказӣ суханронӣ кард.

Ба гузориши “Ховар”, чаҳорумин иҷлоси марокизи таҳлилии Чину Осиёи Марказӣ бо номи “Ҳамкории дуҷонибаи судманд дар масири шукӯфоии муштарак ва тавсеаи пойдор” дар шаҳри Тошканд, пойтахти ҷумҳурии Узбакистон баргузор шуд, ки дар он Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии зери назари раисиҷумҳури Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кард.

Дар ин ҳамоиш вазъияти феълии ҳамкорӣ байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, чашмандози густариши ҳамкориҳои чандҷониба дар заминаи санъатисозӣ, диҷиталӣ шудан, тавсеаи иқтисоди сабз ва ҳамчунин ҳамкорӣ дар заминаҳои ҳамлу нақл, лагистика ва навоварии мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин маросим намояндагони маҳофили сиёсӣ, дипломатӣ ва каршиносӣ - таҳлилии Узбакистону Чин, раҳбарону коршиносони марокизи таҳлилии кишварҳои Осиёи Миёна ҳузур доштанд.