Конфронсе дар мавриди фароянди оби Душанбе дар Австрия
-
Конфронси оби шаҳри Душанбе
Дар Австрия дар мавриди фароянди оби Душанбе иттилооти дақиқ ироа шуд.
Ба гузориши “Ховар”, ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Heiligenblut-и Австрия конфронси “Anthropocene”, ки ба масоили зистмуҳитӣ ва тағйироти обу ҳавоӣ ихтисос дошт, баргузор шуд, ки дар он иттилооти дақиқе дар мавриди фароянди оби Душанбе ироа шуд.
Идибеки Қаландар, сафири Тоҷикистон дар Австрия ба ҳуззор дар мавриди ибтикороти байналмилалии Тоҷикистон дар масоили об, ба вижа фароянди оби Душанбе ва натоиҷи сеюмин конфронси байналмилалии сатҳи олӣ дар мавриди даҳаи иқдоми байналмилалии “Об барои тавсеаи пойдор 2018 - 2028”, ки дар таърихи 10 - 13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, гузориши муфассал ироа кард.
Дар идомаи ин ҳамоиш, коршиносону донишмандони ҳавзаи муҳити зист низ дар хусуси мавзӯи ҷаҳонии тағйири иқлим ба табодули назар пардохтанд ва суҳбат карданд.