Январ 17, 2017 17:18 Asia/Dushanbe
  • Давлати Кобул паноҳандаи тоҷикро ихроҷ мекунад

Мақомоти амниятии афғон як хонаводаи паноҳҷуи тоҷикистонӣ дар Кобулро пас аз 20 соли зиндагӣ дар Афғонистон таҳдид ба ихроҷ аз ин кишвар кардаанд.

Мақомоти амниятии Афғонистон Амирҳамза Ҳалимов, паноҳҷуи тоҷикро таҳдид кардаанд, ки вай ва хонаводаашро аз хоки ин кишвар ихроҷ ё ба сафорати Тоҷикистон таслим хоҳанд кард.

Амирҳамза Ҳалимов, ки аз 20 соли пеш дар Афғонистон зиндагӣ мекунад, дар гуфтугӯ бо радиои тоҷикии Садои Хуросон гуфт: Иллати тасмими мақомоти афғон ин аст, ки вай мадорики шиносоӣ надорад.

Дар паи ин тасмими мақомоти афғон, Ҳалимов ба намояндагии Созмони милал дар Кобул шикоят карда, аммо шикояти ӯ натиҷае надоштааст.

Ҳалимов мегӯяд: Шитобзадагӣ ҳангоми фирор аз Тоҷикистон сабаб шуд, то вай натавонад мадорики шиносоии худро бардорад ва имрӯз набуди ин мадорик бар мушкилоти вай дар Афғонистон афзудааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон борҳо аз давлати Афғонистон дархости паноҳандагӣ ё шаҳрвандӣ кардааст, аммо ҳар бор дархости вай аз сӯи мақомоти афғон рад шудааст.

Ба гуфтаи Ҳалимов, вай ахиран дар номае ба раисҷумҳури Афғонистон дархости паноҳандагӣ ё судури муҷаввиз барои сафар ба кишваре дигар карда, аммо Вазорати муҳоҷирати Афғонистон ба баҳонаи набуди қонуни паноҳандагӣ дар ин кишвар ба дархости вай расидагӣ накардааст.

Амирҳамза Ҳалимов, шаҳрванди тоҷикистонӣ, ки дар замони даргириҳои дохилии кишвараш (1992-1997) ба Афғонистон паноҳанда шуд, баъд аз имзои қарордоди сулҳ дар соли 1997 дар эътироз ба сулҳи тоҷикон ба Тоҷикистон бознагашт.

 

Барчасп