Камбуди сӯхт - омили аслии қатъи дарахтон дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ба далели шиддати сармо ва буҳрони камбуди сӯхт ва манобеи энержӣ дар солҳои ахир, бештари ҷангалҳои ин кишвар аз байн рафтааст.
Ба гузориши сойти “Livingasia.online”, Созмони давлатии ҳифозат аз ҷангалҳои Тоҷикистон, эълом кардааст, тайи 50 соли ахир дар ин кишвар беш аз 70 дарсад аз масоҳати ҷангалҳо вайрон шуда, ки ин масъала афзоиши ҳаводиси табиӣ, назири ҷори шудани сел ва аз байн рафтани системаи муҳити зистро дар пай доштааст.
Дар гузориши ин созмон таъкид шудааст, ки танҳо дар 25 соли ахир наздик ба 700 ҳазор гектар аз ҷангалҳои Тоҷикистон ба далели камбуди сӯхт ва қатъи дарахтон аз байн рафта, ки барои эҳёи ин манобеи табиӣ солҳо замон ва ҳазинаи зиёде ниёз аст.
Алихон Латифӣ, коршиноси муҳити зист дар Тоҷикистон муътақид аст, ки агар дар солҳои 1990 масоҳати ҷангалҳои ин кишвар 20 дарсад аз кулли қаламрави ин ҷумҳуриро ташкил медод, акнун ин шохис ба се дарсад расидааст.
Ба гуфтаи мақомоти Созмони давлатии ҳифозат аз ҷангалҳои Тоҷикистон, дар ин кишвар барномаи эҳёи ҷангалҳо тадвин шуда ва бояд ҳамасола дар масоҳат ду ҳазор гектар дарахт кишт шавад.
Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо ҷумҳурӣ аст, ки дар он барои қатъи ҷангалҳо пулис вориди амал мешавад ва барои омилони ин иқдом ду сол зиндон ва ё 220 соат кори иҷборӣ ба унвони муҷозот дар Қонуни ҷиноӣ дар назар гирифтаанд.
Коршиносони Созмони Рушди Олмон, ки дар Тоҷикистон ба кори эҳёи ҷангалҳо машғул ҳастанд, муътақиданд, ки тайи 10 сол танҳо метавон ба эҳёи ним дарсад аз ин манобеи тахриб шуда умедвор буд аз ин рӯ, бояд ҳамзамон бо кори эҳёи дубораи ҷангалҳо дар Тоҷикистон ба думболи таъмини сӯхт ва барқ барои мардум буд, то аз тахриби бештари манобеи табиӣ, ҷилавгирӣ ба амал ояд.