Аҳаммияти афви эҳтимолии 200 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик барои иқтисоди ин кишвар
(last modified Sun, 05 Mar 2017 05:32:19 GMT )
Март 05, 2017 10:32 Asia/Dushanbe
  • Аҳаммияти афви эҳтимолии 200 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик барои иқтисоди ин кишвар

Коршиноси умури муҳоҷират дар Русия муътақид аст, ки мавриди афв қарор гирифтани 200 ҳазор коргари муҳоҷири ихроҷии тоҷикистонӣ, кӯмаки бузурги Маскав барои иқтисоди ин кишвар мебошад.

Ба гузориши сойти Спутник, Юрий Московский гуфтааст, ки бар асоси омори Вазорати дохилии Русия, теъдоди коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷикистонӣ наздик ба 400 ҳазор нафар мебошад, ки бар асоси тавофуқи ҷадид бо Душанбе, 200 ҳазор нафар аз ин афрод мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

Вай таъкид кардааст, ки бо дарназар гирифтани ин мавзуъ, ки ҳар як аз ин коргарони муҳоҷири ихроҷӣ аз Русия, сарпарасти як хонаводаи 4-5 нафарӣ дар Тоҷикистон мебошанд, вуруди дубораи онон ба бозори иштиғоли Русия барои таъмини манобеи маишатии ин хонаводаҳо дар кишварашон аз аҳамияти зиёде бархӯрдор аст.

Албатта мақомоти масъул дар умури муҳоҷирати Русия ва Тоҷикистон феҳристи 200 ҳазор нафарӣ аз коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷикро барои афв омода кардаанд, ки рӯзҳои наздик эълом хоҳад шуд. Дар ин феҳрист аввлавият бо афроде хоҳад буд, ки ба далели нақзи қавонини кор ва иқомат аз Русия ихроҷ шудаанд ва он теъдод аз атбои Тоҷикистон, ки муртакиби ҷирму ҷиноят дар Русия шудаанд, мавриди афв қарор намегиранд.

Владимир Путин раисиҷумҳури Русия, ахиран дар сафар ба Тоҷикистон мувофиқати худро бо афви он идда аз коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик аз Русия, ки ба далоили мухталиф аз ҳаққи вуруди муҷаддад ба ин кишвар маҳрум шудаанд, эълом карда буд.

Барчасп