Пайвастан ба ДИИШ ҷавони тоҷикро 15 сол ба зиндон кашонд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i14292-Пайвастан_ба_ДИИШ_ҷавони_тоҷикро_15_сол_ба_зиндон_кашонд
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, маркази вилоят Суғд, як сокини ноҳияи Аштро ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба 15 сол зиндон маҳкум кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 08, 2017 10:33 Asia/Dushanbe
  • Пайвастан ба ДИИШ ҷавони тоҷикро 15 сол ба зиндон кашонд
    Пайвастан ба ДИИШ ҷавони тоҷикро 15 сол ба зиндон кашонд

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, маркази вилоят Суғд, як сокини ноҳияи Аштро ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба 15 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сайти Авесто, мақомоти ин додгоҳ эълом кардаанд, ки А. Ҳаётов сокини 29-солаи ноҳияи Ашт ҳангоме, ки ба унвони коргари муҳоҷир ба Русия сафар карда буд, бо таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ дар оғоз ба узвияти Ҳаракати исломии Узбакистон даромад ва сипас барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ роҳии Сурия шуд.

Ҳаётов сипас дар марзи Туркия аз сӯи кормандони ниҳоди амниятии ин кишвар боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, ки 1500 нафар аз шаҳрвандон ин кишвар бо пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафта ва наздик ба 300 нафар аз онон дар даргириҳои ин ду кишвар кушта шудаанд.