Дархости боз ду соли зиндон барои Бузургмеҳр Ёров
-
Ба гуфтаи Заррина Набиева, дар ин додгоҳ Ёров ҳатто вакили мудофеъ надорад.
Додситони Додгоҳи таҷдиди назар изофа шудани ду сол зиндон ба давраи маҳкумияти 23 -солаи Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистонро хостор шудааст.
Ба гузориши сайти “Ахбор”, Заррина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров гуфтааст, ки додгоҳ муҳокимаи ҳамсараш пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузури аъзои хонавода, рӯзноманигорон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башарӣ барои муҳокимаи муҷаддад ва судури ҳукм оғоз шудааст.
Ба гуфтаи Заррина Набиева, дар ин додгоҳ Ёров ҳатто вакили мудофеъ надорад. Вай пешбинӣ кард, ки шояд ҳамин рӯзҳо ҳукми дигаре, илова бар 23 соли зиндони қаблӣ барои ҳамсараш содир шавад.
Мақомоти қазоии Тоҷикистон бар асоси шикояти Рустам Тақдирзода, додситони парвандаи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, вакилони мудофеи Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ муддаӣ шудаанд, ки дар охирин ҷаласаи муҳокимаи онон дар додгоҳи Душанбе дар моҳи октябри соли 2016 Ёров ба намояндаи додситонӣ ва қозӣ иҳонат кардааст.
Бузургмеҳр Ёров авохири сентябри соли 2015 пас аз он ки кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломиро таъсис кард, ба иттиҳоми кулоҳбардорӣ аз сӯйи Вазорати дохилии Тоҷикистон боздошт ва барои ӯ парвандае ташкил шуд.
Чанде баъд мақомоти амниятии Тоҷикистон алайҳи вай ба иттиҳоми ифротгароӣ, барангехтани ихтилофоти милливу динӣ ва даъват ба барандозии низоми сиёсии ин кишвар парвандаи ҷиноӣ ташкил доданд.
Дар пайи боздошти Ёров, Нуриддин Маҳкамов ваколати ӯро бар ӯҳда гирифт, аммо ӯ низ пас аз чанде ба иттиҳомоти мушобеҳ боздошт шуд.