Март 16, 2017 10:31 Asia/Dushanbe
  • Ташкили парванда алайҳи корхонаи муштараки сементи Тоҷикистону Чин

Хадамоти гумруки Тоҷикистон алайҳи корхонаи сементи Чин ва Тоҷикистон ба иттиҳоми фирор аз пардохти аворизи гумрукӣ, парвандаи ҷиноӣ ташкил додааст.

Ба гузориши дафтари матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон, масъулони ин корхона, ки дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд фаъолият мекунад, ба пинҳонкорӣ ва фирор аз пардохти 500 ҳазор сомонӣ, аворизи гумрукӣ муттаҳам ҳастанд.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон эълом кардааст, ки мудирияти ин корхона аз соли 2016 то авоили имсол аз Чин, 6 мошини боркаш таҷҳизоти ниёзи худро ворид карда, вале фақат 32 ҳазор сомонӣ ба ҳисоб буҷа вориз кардааст.

Шикояти Хадамоти гумруки Тоҷикистон метавонад, ду сол зиндон ё пардохти ҷаримаи сангинеро барои мудири ин корхона дар пай дошта бошад ва баҳрабардорӣ аз ин маркази тавлидиро ҳам ба таъвиқ андозад.

Ин корхонаи семент аз сӯи як фаъоли иқтисоди чинӣ ва Абдулхлил Маҳмудов- фаъоли тоҷики бахши хусусӣ, бо зарфияти тавлиди 600 тон семент дар шубонарӯз, дар ноҳияи Конибодом дар ҳоли сохт аст.

Ин корхона бо 70 дарсад пешрафт, қарор буд, тобистони имсол ба баҳрабардорӣ бирасад.

 

Барчасп