Оғози муҳокимаи Бузургмеҳр Ёров ба иттиҳоми тавҳин ба раисиҷумҳур
Дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муҳокимаи дубораи Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Ҳизби мамнуъ шудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ба 25 сол зиндон маҳкум шуда буд, ба иттиҳоми ҷадиди тавҳин ба раисиҷумҳури оғоз шудааст.
Ба гузориши сойти Ахбор, Хосият Равшанёр, хоҳари Бузургмеҳр Ёров рӯзи 16 апрел гуфт, ки чигуна аз боздоштгоҳ берун омадани ин нома ва ба чоп расиданаш дар "Паём” ҳанӯз дар баҳори соли 2016 аз сӯи мақомоти додситонӣ тафтиш шуда буд: "Соли гузашта барои мақолаҳое ки дар Паёмнет чоп мешуд, шахсан маро борҳо барои пурсиш ба додситонии кулл даьват карданд. Ин мақола ҳам дар назар буд. Вале мо аз моҳи март то 3 майи соли 2016 ягон дастрасӣ ба Бузургмеҳр надоштем.”
Вай таъкид кардааст, ки дар асл ин мақола номаи Бузургмеҳр Ёров аст, ки аз дохили боздоштгоҳ хитоб ба созмонҳои дидабони ҳуқуқи башар ва гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид, дар умури ҳуқуқи башар ирсол ва дар сомонаи “Паём” муташир шудааст.
Хосият Равшанёр гуфтааст, ки мақомоти Додситони кулли Тоҷикистон аз ӯ низ дар бораи наҳваи хурӯҷи ин нома аз боздоштгоҳ бозҷӯӣ карда буданд, аммо аъзои хонаводаи Бузургмеҳр Ёров дар моҳҳои март, то майи соли 2016 бо вай ҳеҷ мулоқоте надоштаанд.
Дар ин матлаб Ёров таъкид кардааст, ки боздошти ӯ ангезаи сиёсӣ дорад ва бар асоси тамоми қавонини ҳуқуқӣ, муддаии ҷойгоҳи болои вакилони мудофеъ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, аммо мақомоти Додситони кулли Тоҷикистон алайҳ ӯ, ба иттиҳоми тавҳин ба раисиҷумҳури ин кишвар парвандаи ҷиноӣ ташкил додаанд ва муҳокимаи Ёров оғоз шудааст.
Қавонини ҷиноии Тоҷикистон барои афроде, ки ба иттиҳоми тавҳин ба раисҷумҳури Тоҷикистон муҳокима мешаванд, аз ду то панҷ сол маҳкумият ба зиндонро дар назар гирифтааст.