Апрел 18, 2017 19:55 Asia/Dushanbe
  • Воридоту содироти Тоҷикистон дар се моҳи аввали сол

Ба гуфтаи ин манбаъ, тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали  соли 2017  775.5 миллион долларо ташкил додааст, ки дар қиёс ба давраи мушобеҳи соли гузашта наздики 100 миллион доллар, ё 11.3 дарсад камтар будааст. Аз сӯи дигар гуфта мешавад, дар ин муддат содироти коло аз Тоҷикистон наздики 17 дарсад афзоиш ёфта, ба 230 миллон доллар расидааст.

Аммо воридоти колло ба маблағи беш аз 545 миллион доллар сурат гирифтааст, ки нисбати се моҳи аввали соли 2016 беш аз 130 миллион доллар, ё 19.4 дарсад камтар будааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин муддат коҳиши воридоти мошину таҷҳизот, филизот, маҳсулоти кишоварзӣ, тавлидоти саноати петрушимӣ ва лавозимти тиббӣ кам шудааст. Бад-ин тартиб тавозуни тиҷорати хориҷии Тоҷикистон  дар се моҳи соли ҷорӣ манфӣ буда,  он 315.5 миллион долларо ташкил додааст. Дар баробари ин таъкид мешавад, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Русия ва Қазоқистон афзоиш ёфта, аммо бо Чин коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин дар семоҳаи аввали соли 2017 тиҷорати Тоҷикистон бо Русия  3.4 дарсад рушд дошта,  ба беш аз 221 миллион доллар расидааст. Инчунин дар ин муддат Тоҷикистон бо Қазоқистон ба маблағи 193 миллон доллар савдо кардааст, ки нисбати соли гузашта 38 дарсад бештар будааст. Аммо тиҷорати Тоҷикистону Чин дар ин муддат 61 дарсад кам шуда, танҳо каме бештар аз 84 миллион долларро ташкил додааст.

Ба назари коршиносон, яке аз сабабҳои  асосие, ки иқтисоди Тоҷикистонро дар баробари омилҳои берунӣ осебпазир қарор медиҳад, тавозуни манфии тиҷорати хориҷии ин кишвар аст. Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари умури иқтисодӣ мегӯяд, ки аз як сӯ коҳиши назарраси интиқолоти пулии муҳоҷирон ва аз сӯйи дигар се баробар камтар будани содирот нисбат ба воридоти коло аз ҷумлаи омилҳои асосии осебазирии иқтисоди Тоҷикистон дониста мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки  аз оғози соли ҷорӣ қурби расмии сомонӣ нисбати доллар 7,8 дарсад ва қурби бозории сомонӣ нисбати  доллар  13 дарсад коҳиш ёфтааст. Аз сӯйи дигар мизони тавварум дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 3.1 дарсадро ташкил додааст, дар ҳоле ки БМТ сатҳи таваррумро то поёни соли 2017  дар ин кишвар дар сатҳи 7 дарсад пешбинӣ кардааст.

Бо назардошти ин Бонки Осиёии Рушд дар тозатарин гузориши хеш ба Ҳукумати Тоҷикистон маслиҳат додааст, ки аз додани имтиёз ба ширкату шахсони алоҳида  худдорӣ карда, зудтар ба ислоҳоти ҷиддии низоми бонкӣ иқдом кунад. Бонки Осиёии Рушд дар ин гузориш сатҳи рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ 4,8 дарсад ва дар соли 2018-ро то 5,5 дарсад  пешбинӣ кадааст. Инчунин пешбинӣ шудааст, ки сатҳи таваррум дар соли ҷорӣ 8 дарсад мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 18 апрел бо нашри гузориши муфассале  сабабҳои асосии коҳишёбии қурби сомонӣ ва болоравии арзиши долларро баррасӣ карда, онро ба омилҳои берунӣ ва дохилӣ рабт додаст. Ба таъкиди ин ниҳод, ноустувор боқӣ мондани вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ  дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон,  баланд шудани арзиши доллар вобаста ба сиёсати Бонки марказии Амрико ва паст будани арзиши колоҳои асосии содиротии Тоҷикистон аз ҷумлаи омилҳои берунӣ дониста мешаванд. Дар баробари ин, ба гуфтаи Бонки миллии Тоҷикистон, афзудани ҳаҷми пули нақд дар бозори дохилӣ, зиёдшавии фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, ҳаҷми савдо ва боло рафтани  қурби  рубли русӣ, зарурати хариди арзи хориҷӣ барои бозпардохти қарзҳои хориҷии давлат, зиёд шудани талаботи бонкҳо ба доллари нақд барои бозпас гардонидани амонати мардум ва коҳиши эътимоди мардум ба бонкҳо, аз ҷумлаи омилҳои дохилӣ дар ин замина дониста мешавад.

Бо ин вуҷуд, тибқи иттилои Ожонси давлатии  омори Тоҷикистон, ҳаҷми тавлидоти нохолиси миллии ин кишвар дар се моҳи соли ҷорӣ ба 10.5 миллард сомонӣ баробар шудааст, ки дар қиёс ба соли гузашта 6.5 дарсад рушд доштааст. Ҳаҷми умумии тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон барои соли 2017  58 миллард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбати соли 2016  9.4 дар зиёд аст.