Тавоноии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои афзоиши як миллиард долларии ҳаҷми тиҷорат
Муовини ширкати миллии “Қазоқ сармоя” аз тавоноии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои афзоиши як миллиард долларии ҳаҷми тиҷорат хабар дод.
Мейержан Майкенов-муовини раис ширкати миллии “Қазоқ сармоя” дар нишасти тиҷории намояндагони Қазоқистон ва Тоҷикистон дар Душанбе, гуфт, Остона ва Душанбе метавонанд, мубодилоти тиҷории худро то як миллиард доллар афзоиш диҳанд.
Вай дар ин замина афзуд, маҳсулоти тавлидии Қазоқистон ба таври густурда дар байн масрафкунандагони Тоҷикистон шинохта шудааст.
Майкенов дар идома бо баёни ин ки Қазоқистон яке аз 3 шарики аслии Тоҷикистон дар ростои тиҷорати хориҷии ин кишвар аст, гуфт, мо набояд ба ин дастовардҳо иктифо кунем, зеро имконоти зиёде барои ҳамкориҳои дуҷониба ва афзоиш ҳаҷми тиҷорати 2 кишварро дорем.
Вай гуфт, ҳаҷми сармоягузории қазоқҳо дар иқтисоди Тоҷикистон, 100 миллион доллар аст ва дар Қазоқистон беш аз 100 ширкат бо мушорикати сармояи тоҷикҳо фаъолият мекунанд.
Манзура Рустамова-муовини раиси утоқи бозаргонии Тоҷикистон, дар ин бора гуфт, барои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон, эҷоди ширкатҳои муштарак байни ду кишвар бисёр муҳим аст.
Дар нишасти тиҷории Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки тавассути Утоқи бозаргонии тоҷикҳо ва ширкати миллии “Қазоқ сармоя” баргузор шуд, 30 тавлидкунандаи қазоқ ва беш аз 100 намояндаи ширкатҳои тоҷикӣ, ширкат карданд.
Ин ҳафтумин нишасти тиҷории Қазоқистон ва Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Бо таваҷҷуҳ ба натоиҷи 6 нишасти тиҷории қаблие, ки дар онон, 120 тавлидкунандаи Қазоқистон ширкат карданд, байни Остона ва Душанбе қарордоде ба арзиши беш аз 60 миллион доллар ба имзо расид.