Шуруи размоиши «Зиддитеррор-2017» дар Тоҷикистон
Барои иҷрои вазифаҳои дар тамрин гузошташуда имконоти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон пурзӯр гардид.
Ба иттилои Азия-Плюс, аз 30 то 1 июн дар қаламрави ду машқгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон - «Ҳарбмайдон» ва «Лоҳур» марҳилаи фаъоли размоишҳои байнулмилалии «Зиддитеррор-2017» доир мегардад, ки нахустин тамрини Маркази зиддитеррористии ИДМ бо ҷалби нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Иттиҳод аст.
Дар ҷараёни тамринҳо гурӯҳи муштараки нерӯҳои хушкигарди Тоҷикистону Русия бо дастгирии авиатсия тарзу усулҳои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар мавзеи кӯҳистон ва ҳамчунин таркибҳои амалиёти таъмини сулҳу осоиштагиро мавриди омӯзиш ва дар амал месанҷанд.
Қобили зикр аст, ки дар тамринҳои мазкур Русия бори нахуст шабакаҳои мушакии "Искандар-М”-ро ба Тоҷикистон интиқол дод. Зимни машқҳо ба самти лагери террористони эҳтимолӣ ин гуна мушак партоб хоҳад шуд. Мушакҳо бо бузургтарин ҳавопаймоҳои ҳарбии боркаши Нерӯҳои ҳарбӣ-кайҳонии Русия «Руслан» ба Тоҷикистон оварда шудаанд.
Ҳамоҳангсози амалиёти тамринҳои низомӣ Кумитаи давлатии амнияти милллии Тоҷикистон мебошад.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин иншооти ҳарбии Русия дар берун аз қаламрави ин кишвар буда, ҷузъу томҳояш дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа мустақар мебошанд. Мутобиқи Созишномаи моҳи октябри соли 2012 аз ҷониби сарони ҳарду кишвар баимзорасида, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.