Такмили парвандаи ҷиноии кормандони Ожонси мубориза бо фасод
Парвандаи ҷинои 9 корманди пешини Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон такмил ва дар ихтиёри муттаҳамон ва вакилони онон қарор гирифтааст.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, пас аз ошноии боздоштшудагон ва вакилони мудофеи онон бо муҳтавои иттиҳомоти эъломшуда, парвандаҳои ин афрод барои баррасӣ ва судури ҳукм ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд.
Сомонаи "Ахбор" бо истинод ба манобеи худ таъкид карда, ки феълан тасмим бар ин аст, ки ба боздошт ва муҳокимаи ин 9 корманди пешини Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон иктифо шавад, зеро идомаи ин боздоштҳо мумкин аст домани афроди бонуфуз дар идороти давлатиро низ бигирад.
Сомонаи “Ахбор” муддаӣ шудааст, ки бештари иттиҳомоти афроди боздоштшуда дасткорӣ ва ҷаъли асноди марбут ба азхудкунӣ дар тарҳҳои сохтмон дар шаҳрдории Душанбе дар даврони масъулияти шаҳрдори собиқи пойтахти Тоҷикистон ва сӯиистифода аз вазифаи давлатӣ дар ташкили парвандаҳои ҷиноӣ аст.
Бештари афроди боздоштшуда кормандони пешини Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон ва 3 нафари дигар аз мақомоти Додситонии кул ва Хадамоти гумруки ин кишвар будаанд.