Боздошти бародар ва бастагони Ҳалимов дар роҳи фирор ба Афғонистон
Манобеи маҳаллӣ дар ҷануби Тоҷикистон аз боздошти бародар ва бастагони Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини Нерӯҳои вижаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд.
Сомонаи интернетии нашрияи “Пайк”, чопи Тоҷикистон хабари фаврии боздошти бародар ва бастагони Гулмурод Ҳалимов дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, дар ҷануби Хатлонро мунташир кард.
Бар асоси ин гузориш, бародар ва бастагони Гулмурод Ҳалимов шаби гузашта дар роҳи фирор ба Афғонистон буданд, ки дар деҳаи Ибратии ноҳияи Восеъ бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд.
Дар ин даргирӣ бародари Гулмурод Ҳалимов яке аз маъмурони полисро захмӣ кард, вале саранҷом ӯ ва 6 нафар аз бастагонаш ба дасти нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дастгир шуданд.
Ин хабар ҳанӯз ба таври расмӣ таъйид ё такзиб нашудааст.
Хабари боздошти бародар ва бастагони Ҳалимов дар ҳоле мунташир шуда, ки ахиран мақомоти интизомии Тоҷикистон аз истирдоди бародарзодаи сарҳанг Гулмурод Ҳалимов аз Русия ба Душанбе хабар доданд.
Чанд моҳи пеш низ Беҳрӯз Ҳалимов, фарзанди Гулмурод Ҳалимов дар зодгоҳаш ноҳияи Варзоб боздошт шуд.
Ҳарчанд манобеи ғарбӣ аз кушта шудани Гулмурод Ҳалимов дар Мавсили Ироқ хабар додаанд, вале ин мавзӯъ ҳанӯз ба таври расмӣ таъйид нашудааст.