Ҳузури 250 кӯдаки тоҷикистонӣ дар Сурия ва Ироқ
Мақомоти Тоҷикистон аз ҳузури 250 кӯдаки тоҷикистонӣ дар Сурия ва Ироқ хабар додаанд.
Мақомоти Тоҷикистон бо ироаи гузорише ба Созмони милали муттаҳид эълом кардааст: 234 хонавода аз шаҳрвандони Тоҷикистон шомили 840 нафар, аз ҷумла 309 мард, 279 зан, 110 духтар ва 142 писар дар манотиқи даргири ҷанг дар ҷаҳон ба сар мебаранд.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар ду соли ахир, яъне аз соли 2015 то моҳи майи 2017 мақомоти Тоҷикистон муваффақ шуданд 19 хонаводаро, ки дар маҷмӯъ 61 нафар буданд аз Сурия ва Ироқ хориҷ кунанд, ки 41 тан аз онон кӯдакон буданд.
Раҷабмоҳ Бадриддинова мудофеи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон авоили имсол гуфта буд, 206 кӯдак ба ҳамроҳи волидайни худ аз Тоҷикистон ба Сурия ва Ироқ рафтаанд.
Ба гуфтаи Бадриддинова ин дар ҳолест, ки барои муҷозоти муттаҳамон ба ҷазби кӯдакон дар даргириҳои мусаллаҳона банди вижае дар қонунҳои ҷиноии Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Ин мудофеи ҳуқуқи кӯдакон гуфтааст: Дар мавориде, мақомоти додгоҳии Тоҷикистон, волидайни кӯдаконеро, ки қасд доштанд ба ҳамроҳи хонаводаҳояшон ба Сурия ва Ироқ бираванд, бар асоси банди 140 қонуни ҷиноӣ маҳкум кардаанд.
Банди 140 қонуни ҷиноии Тоҷикистон марбут ба ҷазби шаҳрвандон барои ҳузур дар даргиҳои мусаллаҳона дар хориҷ аз ин кишвар аст.