Август 08, 2017 19:58 Asia/Dushanbe
  • Барномаи Бонки Рушди Осиё барои кумаки молӣ ба Тоҷикистон

Сухангӯи дафтари намояндагии Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон аз кумаки молӣ ба ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Татяна Стефанова рӯзи сешанбе гуфт, Бонки Рушди Осиё қасд дорад, дар солҳои 2018 - 2020 ба Тоҷикистон 280 миллион доллар кумак кунад. Ӯ афзуд, интизор меравад, моҳи сентябри соли 2017 ин тасмим дар Шӯрои мудирони Бонки Рушди Осиё ба тасвиб бирасад. Ин кумаки молӣ барои иҷрои тарҳҳои энержӣ, бозсозии роҳҳо, тавсеаи зерсохтҳои шаҳрию беҳдоштӣ ва беҳбуди системаи омӯзишии Тоҷикистон сарф хоҳад шуд.

Бонки Ҷаҳонӣ, ахиран, дар ҷадидтарин гузориш худ аз коҳиш наёфтани омори фақр дар Тоҷикистон аз соли 2014 то кунун хабар дода, эълом кард, акнун 13 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон дар фақри шадид ба сар мебарад.

 

Барчасп