Август 12, 2017 10:04 Asia/Dushanbe
  • Музокироти намояндагони Бонки Рушди АвруОсиё бо мақомоти Тоҷикистон

Ҳайати эъзомии Бонки Рушди АвруОсиё дар сафари 4- рӯза ба Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон дидор ва раванди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.

Ба гузориши сомонаи Бонки Рушди АвруОсиё, ин ҳайат ба сарпарастии Алишер Мирзоев, мудири идораи тарҳҳои эътибороти молии Бонки Рушди АвруОсиё дар дидор бо намояндагони Вазорати молия, Вазорати энержӣ ва захираҳои об, Хадамоти гумрук, Кумитаи андоз, мудирияти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ, ширкати давлатии Барқи Тоҷик ва мудирони дафтарҳои намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии Пул дар Душанбе ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.

Дар ин дидорҳо дар бораи иҷрои тавсияҳои ин ниҳод ба сохторҳои иқтисодиву молии Тоҷикистон, ба манзури анҷоми ислоҳот, наҳваи истифода аз воми молии 20 миллиондолларии Сандуқи Рушди Бонки АвруОсиё барои ҳимоят аз будҷаи давлат ва роҳҳои бозпардохти қарзҳои Тоҷикистон ба ин бонк баҳсу табодули назар шуд.

Қаблан мудирияти Бонки Рушди АвруОсиё аз ихтисоси 40 миллион доллар ба Тоҷикистон барои ҳимоят аз будҷаи ин кишвар хабар дода буд, ки 20 миллион доллар аз ин маблағ ба ин кишвар вогузор шудааст.

Ин ҳайат бо баррасии авзои иқтисодии Тоҷикистон ва таъкид бар зарурати идомаи ислоҳоти иқтисодӣ дар ин кишвар озодии бештари фаъолияти бахши хусусиро хостор шудааст.

Ҳамчунин дар ин дидорҳо бар зарурати тавофуқ дар бораи танзими рӯйхати бозпардохти вомҳо байни ин ниҳоди молӣ ва Тоҷикистон таъкид шуд, ки дар сурати даст наёфтан ба тавофуқ, идомаи ин раванд метавонад сабаби қатъи кӯмакҳои Бонки Рушд АвруОсиё ба Тоҷикистон шавад.

 

Барчасп