Боздошти рӯҳонии саршиноси тоҷик дар шимоли Тоҷикистон
Имомхатиби пешини масҷиди ҷомеи шаҳри Истаравшан дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон аз сӯйи мақомоти амниятии ин минтақа боздошт шудааст.
Ба гузориши сайти “Ахбор”, наздикони Нуъмонхон Отаев, имомхатиби пешини масҷиди ҷомеи шаҳри Истаравшан гуфтаанд, ки ахиран маъмурони Кумитаи амнияти миллии вилояти Суғд пас аз намози зӯҳр вайро боздошт ва ба шаҳри Хуҷанд мунтақил кардаанд.
Иллати боздошти имоми ҷумъаи собиқи масҷиди ҷомеи Муҳаммад Иқболи шаҳри Истаравшан ҳанӯз мушаххас нест.
Бо ин ҳол манобеи мутталеъ эълом кардаанд, ки ин рӯҳонии саршинос дар шимоли Тоҷикистон ҳеҷ иртиботе бо гурӯҳҳо ва созмонҳои исломӣ, аз ҷумла Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон надоштааст.
Гуфта мешавад, дар бозрасӣ аз хонаи Нуъмонхон Отаев беш аз 300 китоби ахлоқӣ ва адабиро мусодира кардаанд.
Бар асоси гузориши Додситонии вилояти Суғд танҳо дар соли 2016 дар шимоли Тоҷикистон наздик ба 20 нафар аз имомони масоҷиди ҷомеи ин минтақа ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи Ихвон-ал-Муслимин боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.
Ҳамчунин дар қаламрави ин вилоят даҳҳо нафар ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои мамнуаи Салафия, Ҳизби Таҳрир ва Ҷамоати Ансоруллоҳ зиндонӣ ҳастанд.