Афзоиши ҳамкории тиҷории Тоҷикистон ва Чин то 3 миллиард доллар
(last modified Wed, 23 Aug 2017 10:46:08 GMT )
Август 23, 2017 15:46 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳамкории тиҷории Тоҷикистон ва Чин то 3 миллиард доллар

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон аз афзоиши 3 миллиард долларии гардиши молӣ миёни Душанбе ва Пекин то соли 2020 хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Шарифи Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар Ҳамоиши муштараки бозаргонони тоҷик ва вилояти Ҳайнани Чин дар Душанбе гуфт: Аз замони имзои муоҳидаи дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамкории миёни Тоҷикистону Чин, гардиши молӣ ва ҳамкориҳои минтақаӣ ва сармоягузории ду кишвар барои чандин бор афзоиш ёфтааст .

Шарифи Саид бо баёни инки Тоҷикистону Чин ба таври фаъол дар чорчуби Созмони ҳамкории Шанҳай ҳамкорӣ кардаанд, афзуд: Ҳамкориҳои ду кишвар на танҳо дар бахши энержии обӣ, балки дар заминаи илму фанноварӣ, кишоварзӣ, ҳамлу нақл, муҳандисӣ, сохтмон, истихроҷи маодин, саноеи сабук ва санъати пардозиш афзоиш ёфта ва фурсати муносибе барои густариши тиҷорати мутақобил ва беҳбуди кайфияти таомули иқтисодии байни Душанбе ва Пекин фароҳам шудааст .

Вай тасреҳ кард: Тоҷикистон дорои тарҳҳои бузурги сармоягузорӣ аст, ки танҳо бо сармоягузории хориҷӣ қобили иҷрост ва илова бар ин, дар ин кишвар ғанитарин захоири манобеи табиӣ низ вуҷуд дорад ва дар маҷмуъ, бозори Душанбе барои сармоягузорони чинӣ қобили таваҷҷуҳ аст .