Нахустин намоиши филми "Тангно" дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i22544
Филми синамоии "Тангно" ба коргардонии Муҳиддини Музаффар коргардони ҷавони синамои Тоҷикистон шашуми сентябр дар шаҳри Душанбе барои бори нахуст ба намоиш гузошта мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 02, 2017 12:37 Asia/Dushanbe
  • Нахустин намоиши филми

Филми синамоии "Тангно" ба коргардонии Муҳиддини Музаффар коргардони ҷавони синамои Тоҷикистон шашуми сентябр дар шаҳри Душанбе барои бори нахуст ба намоиш гузошта мешавад.

Ба гузориши Спутник, филми синамоии "Тангно" дар студияи "Суғд-Синамо" таҳия ва бахши умдаи он дар рустои Амондараи ноҳияи Панҷакент ва шаҳри Маскав пойтахти Русия тасвирбардорӣ шудааст.

Нависандаи ин филмнома, Сорбон аз нависандагони саршиноси Тоҷикистон аст, ки дар ин филм мушкилоти иҷтимоии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия ва зиндагии хонаводаҳои ин афрод дар дохили Тоҷикистонро ба тасвир кашидааст.

Нақши аслӣ дар филми "Тангно"-ро Муҳаммадшариф Раҳматулллоев иҷро кардааст.

Дар Тоҷикистон ба далели мушкилоти молӣ дар 20 соли ахир танҳо чанд филми синмоӣ сохта шуда, ки мавзӯи бештари онҳо сарнавишти коргарони муҳоҷири ин кишвар дар Русия аст.