Сентябр 28, 2017 09:55 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои афзоиши истихроҷи тилло ва нуқра

Вазорати саноат ва технологияҳои муосири Тоҷикистон аз талош барои афзоиши тавлиди тилло ва нуқра дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сайти ин вазоратхона, дар 8 моҳи имсол дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш тавлиди тилло 21 дарсад ва нуқра 92 дарсад афзоиш фтааст.

Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои муосири Тоҷикистон ахиран дар нишасте ба хабарнигорон гуфт, ки бахши умдаи филизоти гаронбаҳо дар корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин, мавсум ба "Зарафшон" дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд истихроҷ шудааст. 

Вай ба баҳонаи маҳрамона будани омори тавлиди тилло ва нуқра аз зикри мизони дақиқи тавлиди ин ду навъ метали гаронбаҳо дар Тоҷикистон худдорӣ кард.

Бо ин ҳол коршиносон муътақиданд, ки метавон бо дар назар гирифтани омори соли гузаштаи тавлиди тилло ва нуқра дар Тоҷикистон мизони афзоиши ин ду навъ филизи гаронбаҳоро ҳисоб кард.

Дар соли 2016 дар Тоҷикистон 5 тон тилло ва 3 тону 200 кило нуқра тавлид шуда буд, ки барои ин кишвар рекорд ба ҳисоб меояд.

Ин омор аз афзоиши 500 килоии тавлиди тилло ва 200 килоии тавлиди нуқра дар соли 2016 дар муқоиса бо соли 2015 ҳикоят дорад.

Дар Тоҷикистон акнун 10 ширкат ба тавлиди тилло ва нуқра машғуланд, ки ба таври муштарак бо сармоягузорони чинӣ фаъолият мекунанд.

Барчасп