Монеаҳои рушди тиҷорат дар Тоҷикистон
Коршиносони байналмилалии иқтисоди ҷаҳонӣ дар раддабандии кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро дар заминаи рушди тиҷорат дар мақоми ҳафтодунуҳум қарор додаанд.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, ин коршиносон бесуботӣ дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистон, таваррум ва боло будани молиёти пардохтиро ба унвони монеаҳои рушди тиҷорат зикр кардаанд.
Аз сӯйи дигар, Ярослав Лёволик, иқтисоддони аршади Бонки рушди АврОсиё идомаи бесуботӣ дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистонро яке аз авомили фирори сармоягузорони хориҷӣ аз Тоҷикистон ном мебарад.
Вай муътақид аст, ки ба иллати ошуфтагӣ дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистон, дурнамои ҷазби сармояи хориҷӣ дар иқтисоди ин кишвар равшан нест.
Аз ин рӯ, муҳимтарин монеаи рушди тиҷорат дар Тоҷикистон набуди субот дар бозори муомилоти арзии ин кишвар аст ва таъсири таваррум ва мизони болои молиёт барои бахши хусусӣ дар ин ҷумҳурӣ дар муқоиса бо омили нахуст ба маротиб камтар аст.
Ҳарчанд, ки ба гуфтаи коршиносон дар Тоҷикистон фаъолияти бахши хусусӣ дар иқтисоду тиҷорат бо монеаҳову маҳдудиятҳои мухталифе рӯбарӯ аст, ки ниёз ба ислоҳоти асосӣ ва бунёдин дорад.